Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 70-умин солгарди таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳамтои худ Си Ҷинпин барқияи табрикотӣ ирсол кардааст.

“Тайи ин давра Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бахшҳои мухталифи рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву техникӣ ба пешравиҳои азим ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва эътибори баландро соҳиб шуд, - омадааст дар ин барқия, ки матнашро хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон нашр кардааст. - Ҳамаи ин дастовардҳои бошукӯҳ, албатта, натиҷаи заҳмату меҳнати хастанопазири тамоми мардуми Чин ва роҳбарияти сиёсии он мебошад”.

"Мо аз ин комёбиҳои ҳамсояи бузург, нек ва боэътимоди худ изҳори хушнудӣ менамоем ва бар онем, ки онҳо заминаи мустаҳкамро барои рушди босуръати минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатии ду кишвар дар ҳама арсаҳо фароҳам меоранд Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди таҳкиму тавсеаи анъанаҳои дӯстии қавӣ ва муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад”, - навиштааст раисҷумҳури Тоҷикистон.

“Итминон дорам, ки татбиқи пайгиронаи натиҷаҳои музокироту мулоқоти сатҳи олӣ, ки дар рафти сафари давлатии Шумо ба Тоҷикистон сурат гирифтанд, ба ин раванди самарабахш такони нав бахшида, муносибатҳои ду кишварро мутобиқ ба манфиатҳои аслии ҳарду ҷониб ба зинаҳои боз ҳам баландтар хоҳанд расонид”, - иброз доштааст сарвари давлат.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.