Дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ Эмомалӣ Раҳмон 4-уми октябр бо аҳли зиёи кишвар мулоқот мекунад.
Дар ин бора ба “Азия-Плюс” якчанд нафар аз шумори даъватшудагони вохӯрӣ хабар доданд.
“Фардо соати 9 дар маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои маорифу илм ва адабу фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ баргузор мешавад”, - гуфтанд ҳамсуҳбатони мо.
Дар хадамоти матбуоти сарвари давлат ба “Азия-Плюс” чунин посух доданд: “Хабари расмӣ пагоҳ нашр мешавад”.
Ёдрас мекунем, ки 30 сол пеш – рӯзи 22-юми июли соли 1989 дар иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)” қабул карда шуд. Дар заминаи он забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар Тоҷикистон 22-юми июл ҳамчун “Рӯзи забон” ҷашн гирифта мешуд.
Сипас қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардида, шурӯъ аз соли 2009 Рӯзи забони давлатӣ 5-уми октябр таҷлил мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста