Раиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Ҷопон Синдзё Абэ бинобар ҳалокати одамон бар асари тӯфони “Хагибис” барқияи тасаллият ирсол кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки “хабари дар кишвари дӯсти Япония сар задани тӯфони “Хагибис”, ки боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо нафар шаҳрвандон ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон гардида, харобиҳои калонро ба бор овард, моро хеле андуҳгин кард”.

“Дар иртибот ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардиву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба пайвандону наздикони қурбониён, Ҳукумат ва мардуми Япония иброз дошта, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, - омадааст дар барқия.

Қобили зикр аст, ки аллакай 56 нафар аз тӯфони “Хагибис” фавтиданд. Дар ин бора “Интерфакс” хабар медиҳад.

Ғайр аз ин, бар асари ин тӯфон 15 нафар бедарак шуда, зиёда аз 204 тан ҷароҳат бардоштаанд.

Тӯфони “Хагибис” дар Ҷопон рӯзи 12-уми октябр сар зада, тӯли ним асри охир шадидтарин дониста мешавад. Зарбаи асосии офати табиӣ ба ҷазираи бузургтарини Ҷопон – Хонсю рост омад.

1/4

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.