Бо амру фармонҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои ҳукумати кишвар имрӯз, 17-уми октябр дар якчанд сохтор тағйироти кадрӣ ба амал омад.
Аз ҷумла, Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ ҳамзамон Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Давлати Исроил таъин шуд.

Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Насредин Исматулло ҳамзамон Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Халқии Бангладеш таъин шуд.

Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Малайзия Ардашер Қодирӣ ҳамзамон Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Индонезия ва Шоҳигарии Тайланд таъин шуд.

Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Султон Раҳимзода ҳамзамон Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка таъин шуд.

Бо амрҳои раисҷумҳур Зиёӣ Хуршед Махшулзода муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ таъин гардида, Сайидзода Зафар Шералӣ аз сабаби консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия таъин шуданаш аз вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ озод гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати ҶТ Шерализода Шараф Аҳмадҷон муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ таъин шуд.
Ҳамчунин Мирализода Рустам Азиз аз сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии ИДМ озод гардида, ба ин мақом Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор таъин шуд.
Бо сабаби азнавташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони Канаск», Азиззода Бобишо Абдуқаюм аз вазифаи директори корхонаи мазкур озод карда шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста