Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Фаронса рафт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ӯро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Ҳукумати ҶТ хабар дод, аз эҳтимол дур нест, ки дар ҷараёни сафари худ ба Аврупо аз 4 то 12-уми ноябр раисҷумҳури Тоҷикистон аз дигар кишварҳои ин қора низ боздид кунад.
Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки Душанбеи расмӣ ба дастгирии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои иқтисоду молия ва сармоягузориву амният даст ёфтанист.
Ба ақидаи аксари онҳо, сафари қарибулвуқӯъи Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо барояш осон нахоҳад буд.
“Дар Аврупо ба раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи вазъи озодии баён дар кишвар, қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ, маъракаҳои интихоботи парлумонӣ дар аввали баҳор ва президентӣ дар тирамоҳи соли 2020 суолҳои душвор хоҳанд дод”, - мегӯянд коршиносон.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста