Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт ҳамчунин бо раиси Шӯрои вазирон ва парлумони ин кишвар дидору гуфтушунид кард.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ медиҳад, шоми 11-уми ноябр пас аз маросими истиқболи расмӣ мулоқоти сарвазири кишвар бо валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Нувоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ баргузор шуд.
“Зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саёҳат, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд. Қоҳир Расулзода аз валиаҳди Давлати Кувайт ҷиҳати боздиди расмӣ аз Тоҷикистон даъват кард”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо раиси Шӯрои Вазирони Давлати Кувайт Шайх Ҷобир ал-Муборак ал-Ҳамад ас-Сабоҳ дидору гуфтушунид кард. Зимнан вазъи кунунӣ, дурнамо ва роҳҳои густариши ҳамкориҳо байни ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.
Худи ҳамин рӯз вохӯрии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт Марзуқ Алӣ Муҳаммад Сунён ал-Ғоним доир гардид.

“Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, густариш ва тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишварро баррасӣ ва аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Инчунин зарурати табодули сафарҳои байнипарлумонӣ ҷиҳати табодули таҷриба, таҳким ва густариши ҳамкориҳо таъкид гардид”, - қайд мешавад дар маълумоти ВКХ Тоҷикистон.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста