Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми ноябр дар Ҳамоиши сулҳи Порис, ки дар мавзеи Ла-Виллет баргузор гардид, ширкат варзид.
Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ӯ ва сарони кишварҳои дигари иштирокдори ҳамоишро истиқбол гирифт. Дар ҳамоиши навбатӣ беш аз 30 роҳбари давлату ҳукуматҳо аз кишварҳои Аврупову Амрико ва Осиёву Африқо, сарварони созмонҳои байнулмилалӣ ва намояндагони воломақоми кишварҳои дунё ширкат варзиданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.
Иштирокчиён роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯз ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли коҳиши ташаннуҷи байнулмилалӣ ва таҳкими сулҳу шукуфоӣ, аз қабили идоракунии глобалӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳалли мушкилоти фаромарзӣ, мудирияти муштараки иншооти мероси умумиҷаҳонӣ, танзими байналхалқии соҳаи киберӣ, муқовимат ба қаллобии иттилоотӣ ва дигар мавзӯъҳо табодули андеша карданд.
Ҳамасола дар он лоиҳаҳо ва консепсияву ташаббусҳо муаррифӣ мешаванд, ки ба таъмини ҳамкориҳои густурдаи байнулмилалӣ оид ба масоили глобалӣ, рушди ҷаҳонишавии одилона ва низоми муассиртари бисёрҷониба равона шудаанд.
Кори Ҳамоиши сулҳи Порис дар соҳаҳои гуногун 6 бахши мавзӯии сулҳ ва амният, муҳити зист, рушд, технологияҳои нав, иқтисоди иклюзивӣ, фарҳанг ва маорифро дар бар гирифта, 150 лоиҳаи пешниҳодшуда баррасӣ мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон дар доираи чорабинӣ бо президенти Ҳамоиши сулҳи Порис, сарвари фахрии пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии “Аврупои мо” ҷаноби Паскал Ламӣ, раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Кипр Никос Анастасиадес, президенти Комиссияи Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйн мулоқот кард.
Дар мулоқот масоили марбут ба таъмини сулҳу амният, ҳифзи муҳити зист, рушди соҳаҳои гуногуни манфиатовар, муносибатҳои ҳамкорӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.
Қобили зикр аст, ки Ҳамоиши сулҳи Порис иттиҳодияи мустақил ва ғайритиҷоратӣ мебошад. Он ҳамчун платформаи ҷаҳонии муҳокимарониҳои сатҳи баланд тариқи пешбурди муколамаи мустақим миёни шахсони расмӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста