Сиёсатмадор, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ), доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, воқеъияти Тоҷикистон тайи 10 соли охир чунин аст, ки натиҷаҳои ҳама гуна интихобот на ба раъйдиҳандагон, балки ба нишондиҳандаҳои тасдиқкардаи ҳукуматдорон вобаста хоҳад буд.
Ӯ мутмаин аст, натиҷаҳои интихобот ба парлумони Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2015 баргузор гардид, “на дар қуттиҳои раъйдиҳӣ, балки дар долонҳои ҳукумат муайян шуда буданд”.
“ҲСДТ умедвор аст, ки интихоботи парлумонии аввали баҳори соли оянда ба тарзи дигар баргузор шуда, ҳукуматдорон ба садои мардум гӯш медиҳанд ва дар ниҳояти кор дарк мекунанд, ки ҳамаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон рушду шукуфоии Ватан ва таъмини ҳаёти шоиста ба мардумро мехоҳанд”, - афзуд сиёсатмадор.
Дар робита ба иштироки ҲСДТ дар интихоботи навбатии парлумонӣ Шокирҷон Ҳакимов зикр кард, ки масъалаи мазкур дар шӯрои сиёсии ҳизб ҳал мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста