Рӯзи 28-уми ноябр дар Бишкек Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои Русия, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва сарвазири Арманистон дар кори иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қарори СААД дар бораи Номгӯйи тадбирҳои иловагӣ баҳри коҳиши шиддати вазъ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ мешавад.
Дар доираи иштирок дар кори иҷлосияи Бишкек ҳамчунин як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.
Сипас ӯ аз Бишкек ба Тошканд меравад, ки рӯзи 29-уми ноябр дар он ҷо Вохӯрии дуюми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
Дар ин вохӯрӣ баррасии масоили густариши ҳамкории минтақавӣ оид ба сиёсату иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёту фарҳанг ва дигар соҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Сарони кишварҳои минтақа ҳамчунин атрофи масоили муҳими сиёсати байнулмилалӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ табодули назар мекунанд. Дар фарҷоми вохӯрӣ санади ҷамъбастӣ қабул мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста