Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзҳои 3-4 декабр бо сафари корӣ ба шаҳри Тошканд меравад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ хабар дод.

Дар Тошканд ӯ бо ҳамтои ӯзбеки худ ҷараёни амалисозии Созишнома миёни ҳукуматҳои ҳар ду кишварро, ки зимни сафари давлатии раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ба имзо расида буд, баррасӣ мекунад.

Аз ҷумла, Рустами Эмомалӣ ва шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиро байни Душанбе ва Тошканд баррасӣ мекунанд.

Дар назар аст, ки шаҳрдорон барномаи ҳамкории ду пойтахтро барои соли 2020 тасдиқ хоҳанд кард.

Моҳи январи соли 2017 Рустами Эмомалӣ бо фармони президенти Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе таъин шуд. То ин дам ӯ ба ҳайси раиси пойтахт ба кишварҳои хориҷӣ сафар накардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.