Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насриддин чанде қабл бо раиси Ниҳоди миллии идоракунии офатҳои табиии Покистон генерал-лейтенант Муҳаммад Афзал дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Муҳаммад Афзал намояндаи расмии Тоҷикистонро хайрамақдам гуфта, аз таассуроти сафари худ ба Душанбе дар моҳи сентябри соли 2019 бо изҳори қаноатмандӣ ёдовар шуд.

Сафири Тоҷикистон оид ба даъвати гурӯҳи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба Покистон барои омӯзиш изҳори ташаккур намуда, қайд кардааст, ки дар оянда низ ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ миёни ду кишвар бояд густариш ёбанд.

Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби генерал Муҳаммад Афзал ба роҳ мондани ҳамкориҳои минтақавӣ баҳри рафъи офатҳои табиӣ ва кумакҳои саривақтии муштарак пешниҳод гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи рафти баррасии лоиҳаи санади дуҷониба оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда табодули андеша намуда, зарурати ба имзо омода сохтани онро қайд карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.