Дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 3-юми декабр марҳилаи навбатии машваратҳо байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба ҳамкории иттилоотӣ ва кор бо васоити ахбори умум баргузор шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКХ Ӯзбекистон, ҳайати Тоҷикистонро сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ Вафо Ниятбекзода роҳбарӣ кард.

Ҷонибҳо таҷрибаи кишварҳоро оид ба масоили ҳамкории иттилоотӣ дар сиёсати хориҷӣ, бақайдгирии ВАО-и хориҷӣ, кор бо афкори ҷомеа ва ВАО, ташкили чорабиниҳои марбут ба расонаҳо баррасӣ карданд.

Ҳамчунин атрофи пешниҳодҳо оид ба рушди ҳамкории хадамоти иттилоотии Вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳо табодули назар сурат пазируфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.