Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) ният дорад, ки шумори намояндагони худро дар парлумони нави кишвар зиёд кунад. Интихоботи парлумонӣ рӯзи 1-уми марти соли 2020 дори мегардад.
Тавре ба “Азия-Плюс” раиси ҲАТ, вакили даъвати ҳозираи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ Рустам Латифзода хабар дод, анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби аграрӣ рӯзи 20-уми декабр дар Душанбе баргузор мешавад.
Дар анҷуман рӯйхати ҳизбии ҲАТ ба интихоботи парлумонӣ эълон шуда, ҳамчунин барномаи пешазинтихоботии ҳизб тасдиқ хоҳад шуд.
“Мо ният дорем, ки на камтар аз 30 нафарро номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кунем. Ҳизб ба интихобкунандагон итминон медиҳад, ки номзадҳои мо фарзандони шоистаи Тоҷикистон мебошанд”, - гуфт Латифзода.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон соли 2005 таъсис дода шуд. Дар даъвати кунунии палатаи поёнии парлумон ин ҳизб 5 намоянда дорад.
Қаблан хабар дода будем, ки рӯзи 15-уми декабр дар Душанбе анҷуманҳои пешазинтихоботии Ҳизби демократ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор мешаванд.
То имрӯз санаи дақиқи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунист, Ҳизби сотсиалистӣ ва Ҳизби сотсиал-демократӣ таъин нашудааст.
Тибқи қонунгузории интихоботии кишвар, 22 нафар аз 63 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ, ки дар анҷумани пешазинтихоботӣ тасдиқ шудааст, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ интихоб мешаванд. Ҳамзамон 41 вакили палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста