Дар ҷаласаи имрӯзаи ҳукумати Русия тасдиқи созишномаи байни Русия ва Тоҷикистон дар бораи бунёди 5 мактаби русӣ дар ҷумҳурӣ баррасӣ мешавад. Дар ин бора торнамои ҳукумати Русия хабар додааст.
“Дар лоиҳаи қонун тасдиқи созишнома байни ҳукумати кишварҳо дар бораи сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои таълимии русзабон дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки 17 апрели соли 2019 дар Маскав ба имзо расида буд, пешбинӣ шудааст”, - қайд мешавад дар маълумот.
Ҳадаф аз имзои Созишнома давра ба давра бунёди 5 мактаби таҳсилоти умумӣ бо таълими забони русӣ дар ин шаҳрҳо мебошад, ки ҳар кадоме барои таҳсили 1,2 ҳазор нафар толибилмон пешбинӣ шудааст.
“Таълим дар онҳо мутобиқи меъёрҳои таҳсилоти Русия ба роҳ монда мешавад”, - омадааст дар маълумот.
Қаблан раиси кумитаи Думаи давлатӣ оид ба умури ИДМ, ҳамгироии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанон, вакил аз фраксияи “Единая Россия” Виктор Водолатский, ки дар ҳайати Думаи давлатӣ аз Тоҷикистон боздид кард, хабар дод, ки Русия ба рушди забони русӣ дар Тоҷикистон аз буҷет 168 млн. рубл маблағи иловагӣ ҷудо мекунад.
Дар навбати худ вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид дар ин робита изҳор дошт, ки барои бунёди 5 мактаб дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода қитъаҳои замин ҷудо шудааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 25 мактаби таҳсилоти умумии таълимашон ба забони русӣ амал мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




