Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар доираи омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ имрӯз, 10-уми декабр ҳайати баҳодиҳии Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА)-ро ба ҳузур пазируфт.
Тавре маркази матбуоти КМИР Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масоили ҳамкорӣ дар маъракаҳои интихоботӣ, тағйироту иловаҳои ба қонунгузории интихобот воридшуда, ҳамчунин ҳамкории дуҷониба табодули назар карданд.
Бахтиёр Худоёрзода ба намояндагони ДИДҲБ/САҲА дар бораи чорабиниҳои омодагии пеш аз интихобот, ки аз ҷониби Комиссия бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ барпо намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ гузаронида мешаванд, маълумот дод.
Таъкид шуд, ки дар ин давра Комиссия дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳои дахлдор давраҳои омӯзишӣ оид ба омодасозии коршиносони масоили интихобот баргузор карда, бо иштироки онҳо барои аҳолии кишвар семинарҳо гузаронидааст.
Ҳамчунин хотиррасон шуд, ки дар рафти семинарҳо талаботи қонунгузорӣ дар бораи интихобот ва дигар ҷанбаҳои муҳими ҷараёни омодагӣ ва баргузории маъракаи интихоботӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Зикр шуд, ки ин чорабиниҳо дар ду марҳила аз моҳи май то декабр дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар доир гардиданд.
Комиссия ҳамчунин як қатор дастурҳо ва маҷмӯи тартиботро таҳия кардааст. Раиси КМИР таъкид дошт, ки дар давраи омодагии пеш аз интихобот сомонаи расмии Комиссия такмил дода шуда, дар он санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, қарорҳо, нақшаи тақвимӣ, маълумоти расмӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдори ин ниҳод ҷойгир шуданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масоили иштироки нозирони байнулмилалӣ, аз ҷумла, аз ДИДҲБ/САҲА дар интихоботи қарибулвуқӯъ бо мақсади кушодагиву шаффофияти он, ҳамчунин густариши ҳамкориҳо бар асоси санадҳои байнулмилалии марбут ба интихобот, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф шудааст, табодули назар карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста