Сарвазирони Тоҷикистону Русия Қоҳир Расулзода ва Михаил Мишустин зимни суҳбати телефонии рӯзи 7-уми апрел роҳандозии тадбирҳои муштаракро дар мубориза бо коронавирус баррасӣ карданд.
Тавре хадамоти матбуоти ҳукумати Русия хабар медиҳад, зимни суҳбат ҷонибҳо ба масъалаи муқовимат бо паҳншавии минбаъдаи сирояти нави коронавирус таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
“Қоҳир Расулзода ба ҷониби Русия барои мусоидати амалӣ ба Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус изҳори сипос кард. Дар ҷараёни суҳбат ба масъалаи бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия низ таваҷҷуҳ шуд. Зимни баррасии масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ Михаил Мишустин ва Қоҳир Расулзода аҳаммияти нигаҳдории ҳаҷми савдои дуҷонибаро таъкид доштанд”, - омадааст дар хабар.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти АМИТ “Ховар”, Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин суҳбати телефонӣ анҷом дод.
“Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус ва роҳҳои пешгирии авҷи ин беморӣ ибрози назар намуданд”, - хабар медиҳад “Ховар”.
Гуфта мешавад, ҳамчунин зимни суҳбат масъалаи содироти маҳсулоти барвақтӣ, аз ҷумла пиёз аз Тоҷикистон ба Қазоқистон ва аз ин кишвар ба Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили гандум ва орд баррасӣ шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста