Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки бо Кореяи Ҷанубӣ дар бораи масъалаҳои вобаста ба таъқиботи ҷиноятӣ як қатор қарордодҳо ба имзо расонад.
Аз ҷумла, имзои шартномаи дуҷониба дар бораи истирдод, интиқоли маҳкумшудагон, ҳамчунин шартнома дар бораи кумаки мутақобилаи ҳуқуқӣ доир ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар назар аст.
Дар қарори 30-юми марти соли равон қабулкардаи ҳукумат вобаста ба ин масъала ба вазорату идораҳои марбута дастур дода шудааст, лоиҳаҳои шартномаҳоеро, ки имзояшон пешбинӣ гардидааст, мувофиқа ва тасдиқ кунанд.
Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон вазифадор шудааст, ки зимни зарурат ба матни ин шартномаҳо тағйироту иловаҳо ворид намояд, ки хусусияти усулӣ надоранд.
Ба Вазорати корҳои хориҷӣ супориш дода шудааст, ки бо тартиби муқарраршуда бо ҷониби Кореяи Ҷанубӣ сана ва ҷойи имзои шартномаҳоро мувофиқа созад.
Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея моҳи апрели соли 1992 роҳандозӣ шуда, моҳи июни соли 2008 дар шаҳри Душанбе сафорати ин кишвар ба фаъолият шурӯъ кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста