Пас аз 4 соли кори пурмаҳсул роҳбари намояндагии дипломатии Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар ба фаъолияти худ хотима мебахшад.
“Маъмулан кори дипломатҳои фаронсавӣ 3 соли фаъолиятро дар бар мегирад. Лекин хонум Гуедар истисност. Барои ҳамкории пурсмар ва муваффақона бо ҳукуат ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, инчунин саҳми арзанда ва босазо дар рушди робитаҳои фарҳангӣ байни Фаронса ва Тоҷикистон Ясмин Гуедар тавонист, ки рисолати худро дар ин кишвар боз як сол тамдид кунад”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Фаронса дар Тоҷикистон.
Дар назар аст, ки бо анҷоми рисолат дипломати фаронсавӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба ҳузур пазируфта шуда, ба ӯ барои хизматҳои шоён дар рушди ҳамкорӣ байни ду кишвари шарикони дипломатӣ “Ифтихорномаи фахрии Тоҷикистон” супурда мешавад.
Ясмин Гуедар моҳи сентябри соли 2026 бо фармони президенти Фаронса сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъин шуд. Охири моҳи сентябри соли равон рисолати ӯ расман ба охир мерасад.
Ясмин Гуедар узви касбии Хадамоти олии дипломатии Фаронса мебошад. То замони дар Тоҷикистон сафир таъин шудан, дар Ветнаму Ҳиндустон ва Чин, инчунин дар Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва мудофиа, назди сарвазири Фаронса ифои вазифа намудааст.
Дипломат дар соҳаҳои ҳуқуқу классика ва сиёсат чор дараҷаи олимӣ дорад. Ӯ Мактаби таҳқиқоти ояндадори байнулмилалии Донишгоҳи Ҷон Хопкинсро дар Италия хатм карда, дар соҳаи дипломатия собиқаи зиёди корӣ дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста