Дар Хоруғ ҷаласаи Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон доир гардид, ки дар кори он муовини раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва раиси ВМКБ Ёдгор Файзов иштирок карданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти ҲХДТ хабар доданд, Рустам Фелалиев раиси нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ интихоб шудааст.

Раиси пешини Кумитаи иҷроияи ҳизб Ҷонибек Қозибеков бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод шудааст.

Ҷонибек Қозибеков бо грамотаи фахрии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ сарфароз гардонида шудааст.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, роҳбари ҳизб раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд.

Аксари аъзои ҳукумат, вакилони ҳар ду палатаи парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзо ё номзадҳои аз ҷониби ҲХДТ пешбаришуда мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.