Тоҷикистону Италия масоили рушди муносибатҳои дуҷонибаро баъди ба эътидол омадани вазъи вобаста бо пандемияи коронавирус дар саросари ҷаҳон баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, рӯзи 6 июл мулоқоти видеоии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо сафири Италия дар Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Тошканд Андреа Бертотсӣ бинобар ба поён ёфтани маъмурияти дипломатиаш барпо гардид.

Гуфта мешавад, муовини вазири корҳои хориҷӣ ба ҷаноби Бертотсӣ барои саҳми арзандааш дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба миннатдорӣ баён намуд.

Ба иттилои манбаъ, зимни гуфтугӯ ҷонибҳо инчунин аҳаммияти баргузории чорабиниҳои банақшагирифташуда, аз ҷумла вохӯриҳо дар сатҳи олӣ ва баландро, пас аз ба эътидол омадани вазъи ҷаҳон бар асари вобаста ба ҳамагирӣ таъкид карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.