Бино ба иттилое, ки “Азия-Плюс” аз як манбаи муътамад дарёфт намуд, Шарофиддин Имом, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон, бино ба поён расидани маъмурияташ ба Тоҷикистон баргаштааст. Шарофиддин Имом яке аз дарозумртарин сафирони Тоҷикистон буд, ки аз 13 октябри соли 2008 ба ин сӯ, 12 сол мақоми сафири Тоҷикистон дар Афғонистонро дар ихтиёр дошт.
Тибқи иттилои манбаъи “Азия-Плюс”, дар назар аст ба мақоми сафири нави Тоҷикистон дар Кобул Саъдӣ Шарифӣ баъд аз баргузор шудани интихоботи президенти Тоҷикистон таъин шавад. Аммо дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба далели дар ин замина ҳеч фармоне содир нашудан, ин хабаррҳоро рад мекунад.
Вале Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғониситон дар саҳфаи фейсбукаш навиштааст, ки 15-уми сентябр бо Шарофиддин Имом, сафири Тоҷикистон дар Кобул мулоқоти тавдиъӣ (видоӣ) доштааст.
Ба гуфти манбаъи “Азия-Плюс”, Шарофиддин Имом ҳоло ба Душанбе баргаштааст. Даврони сафирии Шарофиддин Имом дар Кобул сару садоҳои зиёде низ дар пай дошт. Аз ҷумла борҳо дар расонаҳои Афғонистон аз мушкилоти дарёфти раводиди Тоҷикистон ва вуҷуди фасод матолиб нашр шуда буд, ки сафорати Тоҷикистон дар Кобул ин сару садоҳоро рад карда буд.
Саъдӣ Шарифӣ, ки гуфта мешавад ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Афғонистон таъин мешавад, ҳоло вазифаи сардори Раёсати кишварҳои Ховари миёна ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба дӯш дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста