Бо як фармони раисҷумҳур шоми 28-уми сентябр сафирони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҳиндустон ва Укроин аз мақомҳояшон барканор ва ба ҷойи онҳо сафирони нав таъин шуданд.

Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, дарозумуртарин сафири Тоҷикистон Шарофиддин Имом сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии исломии Афғонистонро баъди 12 соли сафирӣ аз мақомаш озод ва ба ҷойи ӯ Саъдӣ Шарифӣ сардори Раёсати кишварҳои Ховари миёни ва Африқои Вазорати корҳои хориҷиро сафир таъин кард. Хабари барканорӣ ва таъини сафир дар Афғонистонро дирӯз “Азия-плюс” бо такя ба як манбаъи боэътимоди худ расонаӣ карда буд. Дар фармони раисҷумҳур далели барканории Шарофиддин Имом “бо сабаби ба нафақа баромадан” гуфта шудааст.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Давлаталӣ Назризодаро, ки то ин вақт Консули генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербурги Русия буд сафири нави Тоҷикистон дар Укроин таъин кард. Файзулло Холбобоев бо фармони дигари раисҷумҳур аз мақоми сафирии Тоҷикистон дар Укроин ба далели ба кори дигар гузаштан, озод карда шуд.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Султон Раҳимзодаро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш озод кард ва ба ҷойи ӯ Бобокалонзода Луқмонро таъин намуд.

Ҳамчунин бо фармони дигари президенти кишвар сарҳанг  Ҳасан Сатторов сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Фонди байналмиллалии наҷоти Арал Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпурро, ки то ин вақт сафири Тоҷикистон дар Ҳиундустон буд, Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъин кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.