Ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи 20 октябр дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҳамоиш муовинони вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмид иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо атрофи мавзӯъҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо роҷеъ ба ҳамагирии COVID-19, бартараф намудани паёмадҳои он, мубориза бо чолишҳои амниятӣ дар минтақа ва таъмини талошҳои муштарак дар ҳалли вазифаҳои имрӯза табодули афкор намуданд. Ҳайатҳо пиромуни оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист низ ибрози андеша карданд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода зимни суханронӣ тадбирҳои саривақтии ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати рафъи паёмадҳои манфии ҳамагирии COVID-19, таъмини амният ва ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар соҳаи обзикр намуд.

“Тоҷикистон ҳамчун раиси муштараки “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” ҷиҳати афзудани самараи амалии ин абзор талош хоҳад кард”, - таъкид кард ӯ.

Дар навбати худ Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунии Иттиҳоди Аврупо нақши ин ниҳодро ҷиҳати пешгирӣ аз паёмадҳои манфии COVID-19 ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак муҳим хонд.

Зикр мегардад, ки дар интиҳо доир ба масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаҳои навбатии сатҳи баланд дар чаҳорчӯби ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки авлавиятнок мубодилаи афкор сурат гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.