Масъалаи миллӣ кардани дараҷаҳои низомӣ ё рутбаҳои Артиши миллии Тоҷикистон дар Вазорати дифоъ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад ва дар оянда иҷроӣ мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Маркази матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод. Тарҳи миллӣ кардани дараҷаҳои низомии Артиши Тоҷикистон ё рутбаҳои ҳарбии неруҳои мусаллаҳ соле қабл пешниҳод шуда буд, ки он замон сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда буд.

Ба иттилои манбаъ, миллӣ намудани дараҷаҳои низомии Артиши миллии Тоҷикистон чанд мавриди дигар низ ба Вазорат пешниҳод шуда, вале пазируфтани он танҳо кори Вазорати дифоъ нест.

- Ин масъала мавриди баррасӣ аст, Академияи улум, шуъбаҳои илмӣ ва дигар мақомоти дахлдор бояд пурра масъаларо баррасӣ кунанд, чун ин танҳо кори як Вазорати мудофиа нест, - мегӯяд номбурда.  

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати “Азия-Плюс”, барои иҷроӣ шудани ин тарҳ замони муайян лозим аст ва оянда ин пешниҳод амалӣ хоҳад шуд.

- Ҳоло марҳилаҳои гузариш аст, чун артиш низ аз сифр ташкил шуд ва аллакай мутобиқгардонии худи қисми воҳидҳои низомӣ ба талаботу меъёрҳои ҳарбӣ ҷараён дорад. Оҳиста-оҳиста мешавад. Мо давлати соҳибистиқлол дорем ва оянда ин кор амалишуданӣ аст. Вале давлатҳои шӯравии пешин номҳои рутбаҳои имрӯзаро ҳифз кардаанд. Агар сару либос, рамзҳои худро миллӣ карда бошанд, аммо номгӯи рутбаҳо мисли қаблӣ боқӣ мондаанд,  - илова кард Фаридун Маҳмадалиев.

Бояд гуфт, ки як сол пеш дар Тоҷикистон мақомот тасмим гирифтанд, ки дараҷаҳои низомӣ ё рутбаҳои Артиши миллии Тоҷикистонро миллӣ кунанд. Дар ин замина комиссияи муштараке  ташкил шуд. Коргурӯҳи муштараки вожагузинии Кумитаи забону истилоҳот ва Вазорати дифоъ барои ин кор масъул шуд. Ин Коргурӯҳ як тарҳи нимаеро пешниҳод карда буд, ки баҳсҳои доғеро ба бор овард.

Дар ин росто аз сӯйи пажуҳишгар ва забоншиноси варзидаи тоҷик Умед Ҷайҳонӣ тарҳе пешниҳод шуд, ки ӯ баробариҳо ё эквиваленти рутбаву дараҷаҳои артиши Тоҷикистонро бар асоси истилоҳоти дараҷаҳои низомии артишдории ниёгони тоҷикон – давраи Ашкониёну Сосониёну Сомониён сохта буд. Ин коргурӯҳ тарҳи Умед Ҷайҳониро пазируфт ва онро барои таъйид ва ворид кардан дар артиш пешниҳод карда буд.

Худи Умед Ҷайҳонӣ дар суҳбати ахираш, 20-уми октябр бо “Азия-Плюс” гуфт, ки ин тарҳ то Шӯрои амнияти миллӣ рафтааст ва сарнавишташ норӯшан аст. Ҷайҳонӣ дар ин суҳбат гуфт, ки тасмими пазируфтани ин тарҳ ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бастагӣ дорад:

“Дар Тоҷикистон танҳо як кас тасмимгиранда аст ва ӯ ҳам касе ҷуз раисҷумҳур нест. Агар вай тасмим бигирад, ки дар 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон низомиён бо дараҷаҳои низомии тоҷикӣ режа (парад) бираванд, ҳамин фардо ҳама ниҳодҳо ин пешниҳодро тасвиб хоҳанд кард. Ҷуз аз раисҷумҳур дигар масъулину ниҳодҳо на иродаашро доранду на хосташро”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.