Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ба унвони президенти тозаинтихоби Тоҷикистон барои бори панҷум дар ҷаласаи муштаракаи палатаҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кард. Президенти Тоҷикистон баъди он ки ба ӯ нишонаҳои президентӣ супурда шуд, дар ин савгандаш гуфт:
"Ман ҳамчун президент савганд ёд мекунам ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам. Ин истиқлолияти сиёсиву иктисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам ва ба халқ содиқона хидмат менамоям".
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар поёни ин савгандаш аз мардуми Тоҷикистон изҳори ташаккур кард, ки ӯро ба мақоми Президенти Тоҷикистон бори дигар интихорб кардаанд:
Бо камоли эҳтиром ва муҳаббату садоқати фарзандӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон, ки рӯзи 11-уми октябри соли равон дар интихоботи президенти Тоҷикистон эътиқоду боварии бузург зоҳир намуда сарнавишти худ ва тақдири мамлакат вогузор карданд, сипоси бепоён ва миннатдории самимӣ баён менамоям.
Ҷаримаи мансабдор дар Қубодиён барои нодида гирифтани муроҷиати мардум
Эмомалӣ Раҳмон бино ва хобгоҳи нави ДМТ-ро боз кард
Баҳои иншои дохилшавии Эмомалӣ Раҳмон чанд буд? Осорхонаи Пешвои миллат дар ДМТ
Дар Тоҷикистон сабти ном барои дарёфти квотаи таҳсил дар Русия оғоз шуд
Пирӯзии толибилмони Хуҷанд дар олимпиадаи байнулмилалӣ
Зимистони пас аз баҳор. Тоҷикистон барфпӯш шуд
USAID ба китобхонаҳои бачагонаи Тоҷикистон китоб медиҳад
Барфи зиёд: роҳи Душанбе-Хуҷанд барои бархе мошинҳо баста шуд
Дар Тоҷикистон ниме аз корхонаҳои сабтиномшуда кор намекунанд: сабаб чист?
Даъвати Лоиҳаи Фонди тоҷикистонии Оғохон ба озмуни фурӯши трансформатор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста