Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз дар шакли видеооконфронс гузашта истодааст, ҳузур дорад.

Ҷаласа таҳти раёсати ҷониби Русия ҷараён дошта, рӯзномаи он аз масоили густариши ҳамкории бисёрҷабҳа дар доираи СҲШ дар партави тақвияти чолишу хатарҳои сартосарӣ иборат аст, менависад “Российская газета”.

Роҳбарони ҳайати кишварҳои узви Созмон ва давлатҳои нозир сатҳи муосири ин хатарҳоро таҳлил ва дурнамои рушди муносибатҳои бисёрҷонибаро дар самтҳои афзалиятнок баррасӣ мекунанд ва инчунин доир ба масоили муҳиму рӯзмарраи байнулмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат мегирад.

Дар назар аст, ки дабири кулли СММ Антониу Гутерриш низ бо муроҷиати видеоӣ барои иштирокчиёни нишаст суханронӣ кунад.

Аз рӯи натиҷаҳои нишаст қабули Эъломияи Маскав ва бастаи асноде дар назар аст, ки ба тавсеъаи ҳамкории мутақобилан судманд дар доираи СҲШ, аз ҷумла дар соҳаҳои таъмини амният, ҳамкории иқтисодӣ, ҷорисозии технологияҳои рақамӣ, рушди минтақаҳои кишоварзӣ, муқовимати пурсамар бар зидди эпидемия ва дигар самтҳо равона гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.