Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Майя Санду президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Молдова Майя Сандуро бо ирсоли як барқия барои пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар табрик кардааст. Матни барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмонро Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон нашр кардааст.

Хонум Майя Санду номзади мухолифин дар интихоботи раёсатҷумҳурии Молдова буд, ки дар баробари президенти пешини ин кишвар Игор Додон рақобат мекард.

Дар ин барқия аз ҷумла гуфта мешавад, ки “Шуморо ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Молдова табрику муборакбод менамоям”.

Эмомалӣ Раҳмон ба президенти тозаинтихобои Молдова гуфтааст, ки “натиҷаҳои интихоботи президентии баргузоргардида далели ҷонибдории мардум аз роҳи интихобкардаи Шумо ба сӯи рушди босуботи кишвар ва таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ мебошад”.

Президенти Тоҷикистон бо умедвории рушди бештари ҳамкориҳои ду давлат ба президенти тозаинтихобои Молдова пешниҳод додааст, ки “омодаам, ки дар ин ҷода якҷо бо Шумо тамоми саъйю кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳам”.

Майя Санду дар таърихи Молдова нахустин занест, ки ба мақоми президентии ин кишвар мерасад. Ӯ дар даври дуюми интихобот рӯзи 15-уми ноябри 2020 рақибии қавии хеш Игор Додонро бо касби 58% раъйи мардум шикаст дод. Додон, ки президенти барҳоли ин кишвар буд, ҳамагӣ 42% раъй ба даст овард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.