Дар Сеул зимни сафари расмӣ рӯзи 25 ноябр мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Канг Кюнг-ва баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин тавсеа ва таҳкими заминаҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба аҳаммияти густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва муҳоҷирати корӣ таъкид шуд.
Дар анҷом байни вазоратҳои корҳои хориҷи Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2021-2023 имзо шуд.
Ҳамин рӯз Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Агентии ташвиқи сармоягузорӣ ва тиҷорати Корея Пюнг-о Квон мулоқот намуда, дар ҷараёни он ҷонибҳо роҷеъ ба ҷалби сармоя, афзун намудани тиҷорати дуҷониба, таъсиси Дафтари KOTRA (Агенти мусоидат ба тиҷорат ва сармоягузории Корея) дар Душанбе, инчунин роҳҳои таҳким ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ду кишвар табодули афкор намуданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон даъват гардид, то ҳузури доираҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратии кореӣ дар кишвари мо фаолтар гардида, ба манзури таҳкими робитаҳои корӣ ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат ва минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон санадҳои ҳамкории лозим ба имзо расонида шаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста