Дар шаҳри Маскав рӯзҳои 8-9 феврал ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳайатҳои ҷонибҳоро ҳамраисони Комиссия – сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук роҳбарӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории кишварҳоро дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гумнитарӣ ва дигар бахшҳо бо равиши созандагӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳар ду тараф ба мувофиқа расиданд, ки бо тамаркуз ба коркарди рӯйкардҳои нав, барои густариши робитаҳои иқтисодӣ ва мушорикати саноатии Тоҷикистону Россия чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар рафти ҷаласа ҳайатҳо ҳамкории ду кишварро дар соҳаи кишоварзию хоҷагидорӣ муҳокима намуданд. Бо назардошти иқтидори Тоҷикистон дар парвариши маҳсулоти кишоварзии банландсифату тозаи экологӣ, ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ барои дарёфти роҳҳои беҳтари расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла гумрукӣ ва таҳвили нақлиётӣ бо мақсади таъмини мунтазами маҳсулоти Тоҷикистон ба қаламрави Россия, мувофиқа ҳосил шуд.

Дар бахши мушорикати саноатӣ ба ҷониби Россия пешниҳод гардид, ки дар таъсис додани коргоҳҳои муштарак дар заминаи корхонаҳои соҳавии дар Тоҷикистон амалкунанда ва дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, иштироки фаъол намояд.

Ҷонибҳо ҷиҳати афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ба мувофиқа расиданд. Бо дарназардошти беҳбудии вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар Тоҷикистон, ба ҷониби Россия пешниҳод шуд, ки масъалаи зудтар барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ миёни ду кишварро баррасӣ намояд.

Зимни ҷаласа масоили ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират ба таври фарогир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тадбирҳои дар марҳилаи пандемия андешидашудаи ҷониби Россия дар мавриди таъмини имтиёзҳо нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон қайд гардид.

Аз тарафи ҳайати Тоҷикистон масъалаи мақоми ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён аз Тоҷикистон, ки зимни иқомат дар Россия дар ҳолати номуайянӣ қарор мегиранд, ба миён гузошта шуд.

Ҷониби Тоҷикистон барои баррасии масъалаи қонунигардонии мақоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Россия бинобар содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ҷузъӣ манъ аст, ба ҷониби Россия муроҷиат намуд.

Дар доираи ҷаласа роҷеъ ба ҳамкории ду кишвар дар самти фарҳангию гуманитарӣ табодули афкор сурат гирифт. Тасмим гирифта шуд, ки дар соли 2021 Рӯзҳои фарҳанги Россия дар Тоҷикистон баргузор шавад.

Ҷонибҳо раванди татбиқшавии лоиҳаи иштироки омӯзгорони Россия дар пешбурди фаъолияти таълимӣ дар мактабҳои таълимоти миёнаи Тоҷикистон, инчунин оғози сохтмони панҷ мактаби таҳсилоташон бо забони русӣ дар Тоҷикистонро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкориҳо дар самти тандурустӣ ва таъмини некуаҳволии аҳолӣ аз лиҳози беҳдоштию эпидемиологӣ зоҳир гардид. Ҷонибҳо дар мавриди татбиқи лоиҳаҳое, ки ба табодули таҷриба дар соҳаи ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ, ташкили фаъолияти муштараки гурӯҳҳои табибон ва омодагии онҳо равона шудааст, ба мувофиқа расиданд.

Бо назардошти зарфият ва имкониятҳои фаровони табиию фароғатии Тоҷикистон, масъалаҳои марбут ба ҷалби сайёҳон аз Россия баррасӣ шуданд.

Ҳайатҳо натиҷаҳои сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россияро, ки соли гузашта доир шуд, баланд арзёбӣ намуданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ Протокол ба имзо расонида шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.