Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ба гуфтаҳои бархе сиёсатмадорони Қирғизистон дар бораи додани саргаҳи обанбори Торткӯл ба Тоҷикистон вокуниш карда, гуфтааст ин нуқтаназарҳо асос надоранд.

Дар вокуниши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки масъалаи аломатгузорӣ ва муайян кардани ҳудуд миёни Тоҷикистону Қирғизистон то кунун ба поён нарасидаст ва аз фаълони сиёсии кишвари ҳамсоя талаб шудааст, ки дар мавзуъҳои марзӣ боэҳтиёт бошанд, ки маълумоти нодуруст метавонад ба ташдиди вазъ дар нуқтаҳои марзӣ ду давлати бародар сабаб шавад. 

Дар изҳорот аз ҷумла гуфта мешавад, ки "Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суханони ахири сиёсатмадорони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи он ки гӯё макони сарчашмаи обанбори Торткул ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, эътибор дода, таъкид мекунад, ки раванди  таъйини ҳудуд ва аломатгузории cарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳанӯз ба поён нарасидааст. Музокироти ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба масъалаҳои марзӣ идома доранд".

Дар робита ба саргаҳи обанбор дар изҳорот гуфта мешавад, ки "Қитъаи қаламраве, ки сарчашма аз он мегузарад ва ба он вакили Жогорку Кенеши Қирғизистон ишора кардааст, то ба охир расидани раванди таъйини ҳудуди сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, қитъаи таъйини ҳудуд нашуда ба шумор меравад. Дар ҳоли хозир дар бораи аз сӯи як тараф ба тарафи дигар додани қитъаи мавриди баҳс сухане намеравад".

Бояд гуфт, ҳафтаи гузашта сарвазири нави Қирғизистон Улуғбек Марипов дар мавриди саргаҳи обанбори Торткӯл, ки дар вилояти Бодканди ҳаммарз бо Тоҷикистон ҷойгир аст, изҳор карда буд, ки "афсӯс, мо саргаҳи наҳрро додем. Ман инро аниқ кардам. Инҷо масоили стратегӣ аст".

Ин изҳори назари сарвазир дар Қирғизистон вокунишҳои густардаеро ба бор овард ва боиси як ҳамоиши эътирозӣ дар Бишкек шуд. 

Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст. То кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти марзро бикашанд.

Баъзан дар ҳамин минтақаҳо ва барои тақсими обу замин ва чарогоҳ ҷанҷолу тирандозӣ сурат мегирад ва то кунун чандин нафар аз ду тараф куштаву захмӣ шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.