Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода рӯзи 1 март бо Раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ мулоқот намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои дӯстонаи дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Дар вохӯрии ҷонибҳо ба масоили таҳким ва тавсеъаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ҷараёни гуфтушунидҳо баҳри расидан ба сулҳу суботдар дохили Афғонистон, муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаҳои гуногун, фаъолияти комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва ва вазъи кунуниву дурнамои муносибатҳо дар ин самт таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Гуфта мешавад, дар доираи суҳбати анҷомёфта роҳбарияти олии ду кишвар масъалаи баргузории Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё – Раванди  Истамбул»-ро баррасӣ карда, ҷиҳати доир намудани ин ҳамоиш дар охири моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Афғонистон ба мувофиқа расиданд.

Зокирзода ҳамчунин зикр кард, ки  муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни Тоҷикистону Афғонистон дар ҳоли рушд қарор дошта, Афғонистон миёни шарикони савдои Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳим дорад.

“Танҳо дар соли 2020 мубодилаи мол байни ду кишвар зиёда 70 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва бештар аз 68 млн. доллари он ба содироти молҳои Тоҷикистон рост меояд, ки асосан аз интиқоли барқ, семент, маҳсулоти сохтмон, нуриҳои минералӣ, маводи ғизоӣ, меваҷот ва сабзавот иборат мебошанд”, - қайд мешавад дар хабари дафтари матбуоти парлумон.

Ҳамин рӯз раиси Маҷлиси намояндагони (Вулуси Ҷирга)-и Шӯрои миллии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳузур пазируфт.

Тавре ки дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои вазъи минтақа ва Афғонистон, раванди музокироти байниафғонӣ, робитаҳои байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои гуногун, бахусус таҳкиму густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, қонунгузорӣ ва табодули таҷриба баррасӣ шуд.

ВКХ ҶТ

Ҷонибҳо изҳор карданд, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир самти муҳимми ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад. Таъкид шуд, ки ҷиҳати рафъи паёмадҳои ҳамагирии Ковид-19 ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ байни ду кишвар бояд афзояд.

“Тоҷикистон нақши калидии Афғонистонро дар таъмини амният дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хуб дарк намуда, аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоии он ҳамеша пуштибонӣ мекунад”, - омадааст дар хабар.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.