Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ зимни як паёми табрикӣ ба муносибати Рӯзи Саъдӣ, ки ҳамасола 21-уми апрел таҷлил мешавад, гуфтааст, ки "бидуни шак паёмҳои эътидолӣ, инсондӯстона ва ахлоқмеҳвари Саъдӣ посухгӯи ҷаҳони окандаву хаста аз хушунату ифротгароии имрӯз аст".

Собирӣ аз Саъдии Шерозӣ ба унвони яке аз панҷ шоири тирози аввали забони форсӣ ном бурда, гуфтааст ин рӯзро ба тамоми алоқамандони Саъдии бузург, ба вежаи ҳамватанони эронӣ ва мардуми ҳамкешу ҳамтабори тоҷик ва ҳамаи асҳоби адаб, ҳунар, фарҳангу маърифат табрик мегӯям.

"Ин шоир ва нависандаи бузурги порсигӯйи эронӣ бо ашъор ва насри зебову фасеҳ, андешаҳои сутург ва маорифи инсонӣ ва исломиро ба ҷаҳон арза ва то абад ҷовидона шуд. Саъдӣ бидуни тардид яке аз панҷ шоири тирози аввали забони порсӣ аст, ки чаҳортани дигарро касоне ҳамчун Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Мавлавӣ  ва Ҳофиз  ташкил медиҳанд", - гуфтааст сафири Эрон.

Ин дипломати эронӣ гуфтааст, ки густурдагӣ ва гуногунии осори Саъдӣ ӯро дар таърих ба унвони яке аз суханварони бузург маъруф карда, "ҳузури ҳамешагии вай дар миёни мардуму омезиши ӯ бо гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоъ, он ҳам ҷомеае фаротар аз марзҳои Эрон ва ҳатто маҳдудаи ҷуғрофиёии порсизабонон, таҷорибу огоҳие дар пай дошта ва ҳаловате ба каломи Саъдӣ бахшида, ки ҳеҷ гӯше онро бегона намеёбад ва ҳамагон шефтаву маҷзуби он  мешаванд".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.