Муовини намояндаи расмии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Фархон Ҳақ изҳор доштааст, ки Созмон бо нигаронӣ вазъиятро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон пайгирӣ мекунад.

Гуфта мешавад, СММ аз оташбас дар минтақаи низоъ истиқбол мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.

“Ин вазъро бо нигаронӣ пайгирӣ дошта, хабарҳоро дар ин бора дидем. Ҳамчунин огаҳем, ки ҳар ду давлат - Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи хотимаи оташфишонӣ ба мувофиқа расидаанд. Агар ин дарвоқеъ ҳам рост бошад, аз он истиқбол мекунем”, - гуфтааст ӯ дар брифинг.

Фархон Ҳақ илова намудааст, ки СММ ҳар ду ҷонибро ба гуфтушунид ва ҳалли ихтилофҳо бо роҳи мусолиматомез даъват мекунад.

Ёдрас мекунем, ки 29 апрел дар сарҳади байни Тоқикистону Қирғизистон даргирии мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст. Ҳар ду ҷониб якдигарро дар риоя накардани қарордодҳои қаблан ҳосилшуда ва оташфишонӣ гунаҳкор карданд. Шоми ҳамин рӯз ҷонибҳо дар бораи қатъи оташфишонӣ дар сарҳад тавофуқ ҳосил намуданд.

Аз чӣ гуна айни замон ҷараён доштани вазъ дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон аз нашри зиндаи мо маълуомоти бештар пайдо карда метавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.