Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ва Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар доираи як сафари корӣ ба ноҳияи Фархор аз ҳоли хонаводаи прапоршики неруҳои марзбонӣ  Сафрахуҷаи Акбарзод, ки дар даргириҳои 29-30 апрел, дар марзи Тоҷикистону Исфара кушта шуда, хабар гирифтаанд.

Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”  дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки сарвазир Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба волидони ин ҷавонмарде, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар қаҳрамонона ба ҳалокат расид, изҳори таслияту ҳамдардӣ кардаанд.

Қоҳир Расулзода ба модари прапоршики марҳум барои тарбияи чунин фарзанди қаҳрамон изҳори сипос карда, гуфтааст, ки фарзанди Шумо ифтихори Тоҷикистон аст ва мардуми кишвар қаҳрамонии ӯ ва ҳамхидматҳояшро фаромӯш нахоҳанд кард.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳангоми изҳори тасалият ба волидайни Сафархуҷаи Акбарзод хабар додааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст, ки барои фарзандони марҳум хонаи истиқомати бо тамоми шароити лозим барои зист сохта медиҳад.

Бояд гуфт, ки Сафархуҷаи Акбарзод, 29 апрел дар даргириҳои марзӣ дар Исфара, ҳангоми ҳимояи раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода, ки аз китфаш тир хурда буд, аз тири снайпери қиғиз кушта шуд ва ӯро рӯзи якуми май дар зодгоҳаш, ноҳияи Фархор ба хок супурданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.