Дар доираи сафари расмии рӯзҳои 10-12 июн пешбинишудаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон боздиди ӯ аз Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.
Дар сафар ба шаҳри Хуҷанд Шавкат Мирзиёевро сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳӣ мекунад.
Дар назар аст, ки сарони кишварҳо пас аз анҷоми гуфтушунид ва имзои зиёда аз 30 созишномаи байниҳукуматӣ дар Душанбе, ба маркази маъмурии вилояти Суғд раҳсипор мешаванд.
Дар ҷараёни сафар Шавкат Мирзиёев бо имконоти тиҷоративу иқтисодии вилояти Суғд, фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос шуда, аз иншооти таърихиву фарҳангии шаҳр боздид мкунад.
Бо раҳбарияти минтақаи шимоли ҷумҳурӣ баррасии масоили густариши робитаҳо бо минтақаҳои ҳаммарзи Ӯзбекистон дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Тошканд рӯзи 15 май таҳти раёсати сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд.
Ба иттилои Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон, дар ҷаласа маҷмӯи васеи масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба байни кишварҳо дар ҳошияи омодагӣ ба сафари қарибулвуқӯъи президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин атрофи имконоти воқеӣ барои афзоиши минбаъдаи ҳаҷми гардиши савдо, тадбирҳои муштарак оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, электротехника, нақлиёт ва дигар бахшҳо табодули назар сурат гирифт.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа проткол ба имзо расид, ки дар он қарордодҳои ҳосилшуда ва самтҳои асосии шарикии минбаъда инъикос ёфтаанд.
Ҳамчунин дар чаҳорчӯби сафар ба Ӯзбекистон, ҳайати Тоҷикистон аз як қатор корхона ва иншооти саноатии ин кишвар боздид намуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кард?
“Иқдоми носанҷида”. Хадамоти алоқа аз ширкатҳои мобилӣ хост, нархи тарофаҳоро дубора боло набаранд
Visa дар бораи рушди технологияҳои рақамии пардохтӣ дар Тоҷикистон нақл кард
Байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ имзо шуд
То охири сол дар Тоҷикистон пас аз таъмиру навсозӣ 5 роҳи мошингард ба истифода дода мешаванд
Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин сафари расмӣ ба Италия ва Ватикан рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста