Рӯзи 19 май вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) - Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гирдиҳам меоянд.
Вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо ва Дабири кулли СААД-ро нимаи аввали рӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки соли ҷорӣ раёсати Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД-ро бар дӯш дорад, ба ҳузур мепазирад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.
Сипас бо ҳузури вазирони ташрифовардаи кишварҳо дар Душанбе таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД доир мегардад.
Дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди вазъияти байнулмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Дар ҷаласаи мазкур қабули як қатор изҳороти муҳими сиёсии марбут ба ҳамкории СААД бо созмонҳои байнулмилалӣ, тамдиди муҳлати амали СНВ-3 (коҳиши миқдори силоҳи стратегии ҳуҷумӣ) ва 75-солагии Ҳукми Трибунали байнулмилалии ҳарбӣ дар Нюрнберг дар назар аст.
Инчунин Нақшаи машваратҳо оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимсолаи дуюми 2021 - нимсолаи аввали 2022, Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсисёбии СААД баррасӣ мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста