Қирғизистон расман эълом кард, ки равуои марзӣ бо Тоҷикистонро, ба истиснои сафарҳои дипломатӣ ва баргашти шаҳрвандони ду кишвар ба зодгоҳи якдигар, комилан қатъ кард.

Мақомоти расмии Тоҷикистон ин дар мавриди ин тасмими ҷониби Қирғизистон чизе нагуфтаанд. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳозир нашуданд ин мавзуъро ба “Азия-Плюс” шарҳ бидиҳанд.

Аммо мақомоти поёнии Тоҷикистон мегӯянд, ки аз тасмими Қирғизистон, ки равуоро дар марз бастааст, расман хабаре дарёфт накардаанд.  

Ин дар ҳолест, ки тибқи як қарор Девони вазирони Қирғизистон аз 21 май, барои шаҳрвандони Тоҷикистон вуруду баромад, будубош, рафтуо ва транзит тавассути қаламрави ин кишварро муваққатан маҳдуд кард.

Сухангӯйи раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов субҳи 25-уми май дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт дар ин маврид аз суйи кишвари ҳамсоя иттилои расмие ба онҳо наомадааст. Ӯ гуфт Тоҷикистон роҳро набастааст.

“Роҳ кушода аст, шояд барои шаҳрвандони Қирғизистон бошад, ки ба марзи Тоҷикистон нагузаранд. Роҳ расман баста нашудааст, нуқтаҳои назоратӣ барои равуои шаҳрвандон боз аст”.

Сухангӯйи ҳукумати вилояти Суғд дар ҳоле аз боз будани гузаргоҳҳои марзӣ суҳбат мекунад, ки дар раёсати минтақавии гумруки ин вилоят гуфтанд, баъди даргириҳои хунин,  шуруъ аз 1-уми май Қирғизистон гузаштани воситаи нақлиёт дар марзро муваққатан манъ кардааст.

Аз ин ниҳод дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, қаблан якбор ҷониби Қирғизистон гуфтушунид кард ва гуфта буд, роҳи воситаи нақлиёти боркашониро мекушоем, лекин ҳоло боз нашудааст.

Гузаргоҳи "Қарамиқ"
аз АКИпресс

Аҳмадҷон Бобоев, муовини сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд гуфт, аз тасмими ахир дар мавриди қатъи рафтуо ва боркашонӣ ҷониби Қирғизистон расман онҳоро огаҳ накардааст.

“Аз рӯзи муноқишаи 1-уми май то имрӯз сарҳад баста, бо Қирғизистон рафту омад манъ шудааст. Моро ҷониби Қирғизистон огаҳ намекунанд, сарҳадро мебанданд, нақилиётро аз марз берун намебаранд ва ё намедароранд. Ҷониби Тоҷикистон расман марзро набастааст. Шояд Вазорати корҳои хориҷиро огаҳ карда бошанд, аммо моро огаҳ накардаанд”.

Вале тибқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон аз 21 май равуои марзӣ барои Тоҷикистон тавассути қаламрави  Қирғизистон маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ шудааст.

Хабаргузории қирғизии АКИпресс бо такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар медиҳад, ки убуру мурури  воситаҳои нақлиёт ба Тоҷикистон аз  гузаргоҳҳои "Кулунду”, "Қайрағач”, "Қизил-Бел”, "Бордебо” ва "Қарамиқ", ки дар қисмати марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҷойгир аст, маҳдуд шудааст.

Ин маҳдудият ба намояндагиҳои дипломатии Қирғизистону Тоҷикистон ва аъзои хонаводаи онҳо, кормандони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва аъзои хонаводаашон, ҳамчунин ба шахсони мансабдори Қирғизистону Тоҷикистон, ки пешакӣ бо таъйиди мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Қирғизистон сафар мекунанд.

Ҳамзамон дар ин қарор гуфта шудааст, ки шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон ҳастанд метавонанд ба ҳудуди кишвари якдигар баргарданд.

Бояд гуфт, ки марзи ду кишвар ба далели ҳамагирии вируси куруно дар моҳи марти соли 2020 баста шуда буд. Аммо, бо риояи талаботи беҳдошти убури мошинҳои боркаш ва бархе шаҳрвандон иҷоза буд.

Аз ҷумла онҳое, ки пас боз шудани роҳи ҳавоӣ байни Русия ва Қирғизистон бо истифода аз ин парвозҳо ба Тоҷикистон бармегаштанд, зеро чиптаҳои ҳавопаймо ба Қирғизистон арзонтар аст. То муноқишаи ахир дар паровзи тоҷикон аз Русия ба фурудгоҳҳои Қирғизистон ҳеч монеае набуд.

Яке аз гузаргоҳҳои дигари Қирғизистон бо Тоҷикистон

Дирӯз раиси Девони вазирони Қирғизистон, Улуғбек Марипов дар мулоқот бо сокинони деҳаи марзии Чон Алайи вилояти Ӯш дар бораи комилан қатъ шудани равуои марзӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон то ҳалли комилаи масъалаҳои сарҳадӣ, хабар дода буд.

Дар муноқишаи хунини рӯзҳои 28-29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду ҷониб беш аз 50 нафар кушта ва беш аз 300 нафар маҷруҳ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.