Чанде пеш дар ноҳияи Рӯдакӣ, баъди нашри видеои ҷанҷолие имомхатиби масҷиди “Ҳазрати Муҳаммад”-ро аз мақом барканор карданд.Бино ба иттилои расонаҳо ӯ бошандагони ин ноҳиро дар саҳни масчид дашному таҳқир кардааст.

Мо ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кишвар муроҷиат кардем ва хостем бидонем, ки  имомхатибҳоро кӣ таъину барканор мекунад ва чӣ меъёру мелоке барои ин вуҷуд дорад. Оё шарт аст, ки онҳо таҳсилот дошта бошанд?

Посухҳои дафтари матбуоти ин ниҳодро ба суолҳои «Азия-Плюс” дар ин ҷо бихонед?

Дар Тоҷикистон имомхатибҳо чӣ гуна ва аз сӯйи кӣ интихоб мешаванд?

 Кумитаи дин: Имомхатиби масҷиди ҷомеъ, тибқи низомномаи масҷид аз тарафи ҳайати муассисони худи масҷиди ҷомеъ интихоб мешавад ва ҳамчунин ба ҳамин тартиб аз вазифа озод карда мешавад. Баъд аз интихоб гардидани имомхатиби масҷидҳои ҷомеъ барои мувофиқа ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин пешниҳод мегардад. Тибқи талаботи сархати якуми қисми 3 моддаи 5 қонун “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” иттиҳодияҳои динӣ дар доираи низоми дохилии парастишӣ ва ғайрипарастишии худ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, фаъолият менамояд, ходимон ва кормандонашро тибқи муқаррароти эътиқоди динии худ ва талаботи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб, таъин ва иваз мекунанд.

Тибқи талаботи қисми 6 моддаи 11-и ҳамин қонун  имомхатибони масҷидҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин интихоб карда мешаванд.

 - Онҳо бояд ба кадом меъру мелоек бояд мутобиқ бошанд? Дараҷаи таҳсилоташон бояд чӣ бошад, собиқаи кор ва ё шояд унвони лмие зарур бошад?

Кумитаи дин: Барои интихоби имомхатиби масҷиди ҷомеъ талаботи муайян пешбинӣ нагардидааст. Азбаски интихоби имомхатиб тибқи низомномаи масҷид аз ҷониби ҳайати муассисон сурат мегирад, ҳайати муассисон метавонад талаботро муайян кунад. Зимни мувофиқаи имомхатиб дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ба сатҳи донишҳои динию дунявии он таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

 - Сари чанд вақт бояд онҳо санҷида шаванд? Ин санҷиш чӣ гуна мегузарад? Киҳо ҳастанд санҷишгарон?

Кумитаи дин: Дар асл барои имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ аттестатсия ё санҷиш пешбинӣ нагардидааст. Тибқи низомномаи масҷидҳои ҷомеъ имомхатибон аз ҷониби ҳайати муассисон ба муҳлати муайян интихоб мегарданд. Дар аксари низомномаи масҷидҳои амалкунанда чунин муҳлат то 2 сол пешбинӣ шудааст, зимнан муҳлати мазкур мумкин аст тибқи низомномаи ҳар масҷид аз ҳамдигар фарқ кунад. 
Гуруҳе аз намозгузорон дар масҷиди марказии Душанбе
Радиои "Озодӣ"

Баъд аз фаро расидани ин муҳлат имомхатиб аз нав интихоб мегардад. Бо мақсади сарфа намудани вақт ва ба танзим даровардани раванди мувофиқасозии интихоби имомхатибон, ҷараёни мувофиқасозӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин дар маҷмуъ вобаста ба маҳалли муайян гузаронида мешавад. Дар аксар ҳолатҳо муҳлати мувофиқасозии интихоби имомхатибони якчанд масҷид дар як замон фаро мерасад, аз ин рӯ мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин мувофиқасозии онҳоро дар як замону макон баргузор менамояд.

- Кӣ метавонад имомхатибҳоро баркнор кунад ва баро чӣ коре онҳо барканор мешаванд?

Кумитаи дин: Чи тавре дар боло гуфта шуд, имомхатибони масҷидро ҳайати муассисони худи масҷид аз вазифа мегиранд. Чунин талабот дар низомномаҳои масҷидҳо пешбинӣ шудааст. Дар ҳолати содир кардани кирдорҳои ҳуқуқвайронкунӣ бошад ба ҳайати муассисон мумкин аст пешниҳоди дахлдор ирсол гардад, ки дар ин ҳолат низ қарори аз вазифа гирифтани имомхатиб танҳо аз ҷониби ҳайати муассисон бароварда мешавад.

- Имомхатибҳо мавъизаҳоро худашон мустақилона омода мекунанд ё кумита барои онҳо матн омода мекунад?

Кумитаи дин: Бояд тазаккур дод, ки дар саросари давлатҳои Осиёи Марказӣ мавъизаҳо ба низоми муайян дароварда шудаанд. Аз ҷумла, ҳар ҳафта аз ҷониби Кумита ва Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавъизаҳои намунавӣ омода ва пешкаши имомхатибон мегардад, ки хислати тавсиявӣ дорад.

 - Агар кумта матни мавъизаҳоро омода мекунад, оё онҳо метавонанд ҷойе аз онро сафри назар кунанд?

Кумитаи дин: Мавъизаҳои барои имомхатибон пешниҳодгардида хусусияти тавсиявӣ дошта, ҳар имомхатиб онро ҳамчун маводи иттилоотии кӯмакрасон истифода бурда метавонад. Имомхатиб метавонад маводи иттилоотии иловагиро доир ба мавзӯи тавсияшуда дастрас намуда, ба самъи дигарон расонад. Бо мақсади самаранок роҳандозӣ намудани мавъизаҳои намози ҷумъа мавзӯи онҳо ҳар ҳафта аз тарафи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми кишвар дар шакли умумӣ ва ягона пешниҳод мегардад.

- Маоши имомхатибҳо чанд аст? Онҳо ҳақ доранд, ки даромади иловагӣ дошта бошанд?

Ҳоҷӣ Мирзо, яке аз домуллоҳои маъруфе, ки маъвизаҳояш дар миёни мардуми Тоҷикистон хеле мухотаби зиёд дорад.

Кумитаи дин: Маоши имомхатибони масҷидҳо тибқи шартнома муқаррар карда мешавад. Барои дарёфти сарчашмаи иловагии даромад ба имомхатибон ягон хел маҳдудият пешбинӣ нашудааст. Онҳо метавонанд дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла кодексҳои меҳнат ва гражданӣ аз сарчашмаҳои иловагии даромад бархӯрдор бошанд.

- Бархе коршиносон дахолати Кумитаи динро дар кори масҷидҳо ва таъину барканории имомону хатибонро дахолати давлат дар умури дин медонанд. Оё дар ин ҷо меъёри конститутсионии "ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда" вайрон намешавад?

Кумитаи дин: Фаъолияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд кард, ки тибқи талаботи қисми 2 моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” назорати бевоситаи риояи қонунгузорӣ ва муқаррароти оинномаи (низомномаи) иттиҳодияҳои диниро дар мавриди ҳадафҳо ва тартиби фаъолияти онҳо, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин анҷом медиҳад. Чӣ тавре дар боло гуфта шуд, таъин ва озод намудани имомхатибон аз ҷониби ҳайати муассиссони худи масҷидҳо ба амал бароварда мешавад. Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ иттиҳодияҳои динӣ дар доираи низоми дохилии парастишӣ ва ғайрипарастишии худ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, фаъолият мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.