Номи хабарнигори тоҷик, Ҳумайро Бахтиёр вориди рӯйхати 10 нафар хабарнигоре дар сатҳи ҷаҳон шудааст, ки таҳти хатар қарор доранд. Ин рӯйхан аз сӯйи Эътилофи байнулмилалии OneFreePress, қароргоҳаш дар Ню-Йорк аст, таҳия шудааст.

Ин рӯйхат, ки дар оғози моҳи июн имсол тартиб дода шудааст, дар садри он номи хабарнигори боздоштушдаи белорусӣ Роман Пратасевич қарор дошта, ҳамчунин номҳои Пӯён Ҳушҳол аз Эрон ва Наталя Зубкова аз Русияро низ дар ин рӯйхат дида мешавад.

Ҳумайро Бахтиёр, ки дар Аврупо қарор дорад, рӯзи 6-уми июн ба Радиои “Озодӣ” гуфтаат, ворид шудани номаш ба ин феҳрист "эътирофи вазъи бади озодии баён дар Тоҷикистон ва зери хатар будани рӯзноманигорони тоҷик аст".

Эътилоф дар мавриди ӯ навиштааст: "Рӯзноманигор ва фаъоли ҳуқуқи инсон, ки бештар масоили вобаста ба сиёсату коррупсияро бозтоб медиҳад, соли 2016 аз ночорӣ ба Иттиҳоди Аврупо паноҳанда шуд. Бо вуҷуди ин, худаш ҳамвора бо таъқибҳои онлайнӣ ва хонаводааш бо таҳдидҳои мақомоти Тоҷикистон рӯбарӯ ҳастанд".

Хабарнигори тоҷик, Ҳумайро Бахтиёр, пештар дар расонаҳое чун Радиои Имрӯз, "Озодагон", "Азия-Плюс" кор карда, бо IWPR, "Анадолу" ва "Мавҷи Олмон" низ ҳамкорӣ дошт.

Эътилофи OneFreePress аз соли 2019 ҳар моҳ рӯйхати рӯзноманигоронеро, ки дар зиндон ҳастанд, бо таҳдид ва ё беадолатӣ мувоҷеҳанд, нашр мекунад. Масъулони созмон ҳадафи худро пуштибонӣ аз рӯзноманигороне донистаанд, ки барои баёни ҳақиқат дар саросари ҷаҳон зери хатар ҳастанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.