Дар барномаи сафар баргузории чорабиниҳои дуҷониба дар шаҳри Душанбе - маросими пешвози расмӣ, гуфтушунидҳои хосса ва ҷаласаи ҳайати васеи ҷонибҳо, пахши мустақими маросимҳои ифтитоҳи иншооти иҷтимоӣ, имзои бастаи санадҳои дуҷониба пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти сарвари давлати Ӯзбекистон.
Дар назар аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид зиёда аз 30 санади ҳамкории фарогири соҳаҳои муҳими мутақобилан судманд ба имзо расад.
Зимни музокирот баррасии масоили муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии кишварҳо дар назар буда, ба муайян кардани “нуқтаҳои нав”-и ҳамкории мутақобила ва пешбурди лоиҳаҳои мушаххас оид ба рушди ҳамкории амалӣ дар дурнамои дарозмуҳлат таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Сарони давлатҳо ҳамчунин атрофи масоили рӯзмарраи байнулмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар мекунанд.
Ғайр аз ин, сарони кишварҳо дар чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ дар пойтахти Тоҷикистон ширкат варзида, бо намояндагони аҳли ҷомеа вомехӯранд ва аз як қатор иншооти саноатӣ дар вилояти Суғд боздид мекунанд.
Хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон таъкид месозад, ки тайи солҳои ахир муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба марҳилаи сифатан нав - сатҳи шарикии стратегӣ расида, муҳтавои мушаххаси амалӣ касб карданд.
Бо ташаббус ва ба туфайли иродаи қавии сиёсии сарони кишварҳо масоили муҳими рушди робитаҳо байни кишварҳо ва халқҳои дӯсту бародар роҳи ҳалли худро пайдо намуданд.
Ҳаҷми савдои дуҷониба бамаротиб афзуда, соли гузашта ба зиёда аз 500 млн доллар расид ва дар ин давра беш аз 200 корхонаи муштарак ттаъсис дода шуд. Табодули таҷриба дар соҳаи гуманитарӣ ва робитаҳои пурсамар байни минтақаҳо муваффақона дар ҳоли рушданд.
Дар шароити душвори пандемия Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамраъйӣ зоҳир намуда, дар рафъи оқибатҳои коронавирус ҳамдигарро дастгирӣ карданд.
Дар доираи омодагӣ ба сафари мазкур ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматӣ, конфронси илмӣ-амалӣ, Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон гузаронида шуданд.
Дар остонаи сафар ҳамчунин аввалин Форуми байниминтақавӣ ва вохӯрии Шӯрои кории давлатҳо баргузор шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста