Дар Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, ордени "Зарринтоҷ", дараҷаи 1, доданд. Маросими тақдими он шоми 10-уми июн дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе, дар маҳфили фарҳангии ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишвар бо номи "Шоми дӯстӣ" гузашт.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ин орден "Барои хидматҳои шоён ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои тоҷик ва узбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ" дода шуд.

Мирзиёев рӯзи 10-уми июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Мақомоти ду кишвар дар ин рӯз 36 санад, аз ҷумла дар мавриди интиқоли бор тавассути Узбекистон ва сафари сокинони ду кишвар, имзо карданд.

Дирӯз раисони ҷумҳури ду кишвар як изҳороти муштаракеро нашр карданд, ки бисёр бепешина буд ва дар он ба ҳамкориву ҳампаймони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон таъкид мешуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.