Радослав Грук сафири нави Лаҳистон дар Тоҷикистон таъин шудааст. Дирӯз Музаффар Ҳусейнзода муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи ӯро пазируфтааст. Дар ин бора ВКХ хабар медиҳад. 

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Грукро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик карда, барои иҷроӣ кардани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кардааст.

Дафтари матбуоти ВКХ хабар медиҳад, ки "дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши  ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу  иқтисодӣ ва гуманитарию фарҳангӣ иброз намуданд".

ВКХ

Грук хатмкардаи риштаи сиёсатшиносии Доншгоҳи Варшава буда, аз соли 1999 корро дар Вазорати корҳои дохилии кишвараш оғоз кардааст. Солҳои 2000-2003 дар Раёсати кор бо хориҷиҳо фаъолият кардааст.

Соли 2003 корро дар Вазорати хориҷа оғоз карда, дар Консулгарии генералии Лаҳистон дар Санкт-Петербург, сафорати кишвараш дар Черногорӣ ва консули генералӣ дар Олмотӣ кор кардааст.

8 майи имсол сафири Лаҳистон дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таъин шуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.