Санги асоси мактаб-интенати ба номи Мирзо Сатторов дар ноҳияи Вахшро имрӯз 15 июн Президенти кишвар Эмамалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба вилояти Хатлон гузошт.
Бино ба иттиллои Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон, зимни муарифии лоиҳаи мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарасторон ба Президент гуфт шудааст, ки ин иншоот барои 480 нафар бо шароиту талаботи байналминалӣ сохта мешавад.
Мувофиқи лоиҳа ғайр аз бинои асосии мактаб-интернат хобгоҳ ва ошхона барои 480 нафар, бунгоҳи тиббӣ бо 6 ҳуҷра ва хобгоҳ барои наздикони таълимгирандагон сохт мешавад.
Мувофиқи ваъдае, ки ба роҳбари давлат дода шуд, корҳои сохтмонӣ бояд то соли 2023 ба анҷом расонида шавад.
Ҳамчунин зимни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолият, ки аз офати табиӣ зарар дида буданд, санги асоси муассисаи таълими деҳаи мазкур барои 480 нафар гузошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 15-июни бо як сафар кори аз рафти сохтмони манзилҳои зист барои зарардидагони деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш дидан намуда, бо мардуми деҳаҳои номбурда суҳбату вохӯриҳо кард.
Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ба сокинони деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол гуфтааст, ки рафти сохтмони манзилҳои зисташон ва барқароркунии инфрасохторҳои зарурӣ зери назорати ҳукуматанд ва дар муҳлати пешбинишуда ба истифода дода хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки 11 май бар асари омадани сел хонаҳои сокнинони деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш хароб шуда буданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кард?
“Иқдоми носанҷида”. Хадамоти алоқа аз ширкатҳои мобилӣ хост, нархи тарофаҳоро дубора боло набаранд
Visa дар бораи рушди технологияҳои рақамии пардохтӣ дар Тоҷикистон нақл кард
Байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ имзо шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста