Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Эрон Сайид Иброҳим Раисиро ба муносибати пирӯзияш дар интихобот табрик гуфт. 

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар номаи табрияиш, ки онро торнамояш нашр кардааст, аз ҷумла гуфтааст, ки "Тоҷикистону Эронро арзишҳои безаволи фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд".

"Дар ин зимн мо ҳамеша хоҳони таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямон бар асоси усули ҳусни тафоҳум, некхоҳӣ ва эътимоди холисона ҳастем",-гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар идомаи табрики худ Эмомалӣ Раҳмон мегӯял, ки "ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъулатон дар маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзу дорам".

Иброҳим Раисии 60-сола, дар интихоботи рӯзи шанбе аз миёни 7 номзад, тавонист бо ба даст овардани 62 дар сади орои мардуми Эрон ба унвони раисҷумҳури ин кишвар интихоб шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.