Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов шоми 28-уми июн бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд. Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ӯро Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон истиқбол гирифт.

Баъдан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Қирғизистонро ба сайри дараи Варзоб ба қароргоҳи беруназшаҳрии "Баҳор" бурд. 

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон сафар ба Варзобро "шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ" унвон кардааст. 

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон аз ҷузъиёти дигари дидори Эмомалӣ Раҳмону Содир Ҷабборов иттилое нашр накардааст. 

Имрӯз дар назар аст, ки дар доираи сафари Содир Ҷабборов гуфтушунди дуҷониба бо Эмомалӣ Раҳмон сурат бигирад.  Дар ин гуфтушунид мавзуъоти муҳимми ҳамкории ду тараф, аз ҷумла масоили марзии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор мегирад, гуфтааст торнамои президенти Қирғизистон.

1/11

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.