Баъд аз пазирои расмӣ ва ташрифотӣ, дар "Қасри Миллат", мулоқоти дуҷонибаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон оғоз шуд. Хабарнигорони "Азия-Плюс" иттилоъ медиҳанд, ки интизор меравад ин мулоқот то соати 11.00 идома кунад. Пас аз ин мулоқоти ҷонибҳо дар ҳайати васеъ доир мешавад.

Дар назар аст, дар поёни нишаст 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо бирасад. Дар ин гуфтушунидҳо мавзуъоти муҳимми ҳамкории ду тараф, аз ҷумла масоили марзии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор мегирад.

1/6

Субҳи имрӯз Содир Ҷабборов ба расми эҳтиром ба мардуми тоҷик дар пояи асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоил Сомонӣ гулчамбар гузошт. Дар маросими гулгузорӣ ӯро сарвазири Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекард.

Сипас маросими расмии пазирии президенти Қирғизистон дар Тоҷикистон аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни "Қасри Миллат" доир шуд. Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

1/14

"Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт",-хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Президенти Қирғизистон бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.