Мирраҳмон Раҳмонӣ раиси Маҷлиси намояндагон (Вулуси Ҷирга)-и Афғонистон бо як сафари аз қабл эъломнашуда ба Тоҷикистон омадааст. Дар ин бора як манбаъ аз расонаҳои Афғонистон, аз Кобул ба "Азия-Плюс" хабар дод. 

Гуфта мешавад раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон субҳи барвақти 30-юми июн аз тариқи парвози Дубай вориди Душанбе шудааст.

Ҳанӯз барномаи сафари раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар Душанбе маълум нест. Интизор меравад, ки Мирраҳмон Раҳмонӣ дар Душанбе бо ҳамтои тоҷикаш Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар мақомҳои раҳбарии Тоҷикистон дидор кунад.

Ба гуфтаи манбаи мо, ҳамчунин Мирраҳмон Раҳмонӣ дархости мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро додааст, ки интизор меравад сурат бигирад. 

Сафари ин мақоми олирутбаи Афғонистон ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки вазъияти амниятии ин кишвар дар чанд вақти ахир бад шудааст. Бештар аз 50 вулусволӣ ё ноҳияҳои ин кишвар ба  дасти гуруҳи террористии "Толибон" суқут кардаанд.

Аз ҷумла бештари вулусволиҳое, ки ба дасти "Толибон" суқут кардаанд дар вилоятҳои шимолии ин кишвар мебошанд, ки бархе аз вулусволиҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон низ ба дасти "Толибон" афтодаанд.

22-юми июн "Толибон" пас аз суқут додани вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундуз, гузаргоҳи тиҷоративу гумрукии Шерхон Бандар миёни Тоҷикистону Афғонистонро ғасб карданд, ки дар натиҷаи ҳамлаи онҳо 134 неруи давлатии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ овард. 

Баъдан рӯзи 27-уми июн, "Толибон" ба постгоҳи Чукчуки вулусволии Калдори вилояти Балх, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, ҳамла карданд, ки ин бор ҳам 17 неруи давлатии ин кишвар ба Тоҷикистон фирор карданд.

Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар 10 рӯзи ахир дар ду изҳороти ҷудогона вазъи амниятӣ дар марз бо Афғонистонро мураккаб унвон кард.

Пас аз эъломи хуруҷи неруҳои хориҷӣ бо раҳбарии ИМА аз Афғонистон гуруҳи "Толибон" ҷангу хушунатҳоро афзоиш додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.