Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Тавре Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, чанде пеш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири ин кишвар Лю Бинро ба ҳузур пазируфт, дар ҷараёни мулоқот рафти омодагӣ ба ин сафар баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуданд.

Сафари Ван И ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷиии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки 13-14 июл дар Душанбе дар назар аст, сурат мегирад.

Зикр мегардад, ки ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минатқавӣ табодули афкор намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.