Мавзуъи рушди дубораи "Толибон", бадтар шудани авзои амниятии Афғонистон ва  дахолати ҳамсоякишварҳои давру бари ин давлат, баҳси ҳамсояи содиқу беғараз дар равобити байналмилалии ин кишварро дар маҳофили сиёсӣ ва расонаӣ доғ кардааст.

Матлаби зер, навтиштаи Аҳмад Фаҳими Кӯҳдоманӣ, дипломат, таҳлилгар ва нависандаи Афғонистон дар мавриди ҳамсоягии содиқона ва бидуни ғарази Тоҷикистон бо Афғонистон аст, ки нашрияи "Ормони миллӣ", чопи Кобул нашр кардааст. 

Гуфтаи машҳур аст, ки дӯсти хуб дар рӯзҳои душвор худашро собит мекунад.

Ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла кишварҳоест, ки дар дувуним даҳаи ахир ҳамеша дар рӯзҳои пурмашаққат ва душвор дар канори мардум ва давлати мо истода ва тасбит карда, ки дар робитаи ҳамсоядорӣ мутааҳҳид ба арзишҳои волои инсонӣ ва ҳусни ҳамҷворӣ аст.

Дар чанд ҳафтаи ахир, ки гурӯҳи террористии Толибон ба ҳимояти шабакаҳои истихборотии муҳимми минтақа ҳамалоти густурдаашонро болои манотиқи мухталифи кишвари мо шурӯъ карданд ва воқеан дар ин шароит ҳассос дида шуд, ки баъзе кишварҳои дуру наздики мо бо ин гурӯҳ робитаашонро кам-кам аланӣ сохтанд ва дар мавриди ҷиноятҳои ҳавлноки Толибон муҳри сукут бар лабҳошон задаанд.

Дар ин миён Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама адвори мутафовит бо дигар кишварҳо амал карда ва ҳамеша аз доияи барҳақи мардуми мо дифоъ намуда ва дар канори мардуми мо истод шудааст. Толибон, ки дар чанд рӯзи ахир тавонистанд ба асари тавтеаи бузург ва ҳимояти арбобонашон чанд вулусволии марзии моро бо Тоҷикистон ишғол намоянд ва иддае аз низомиёни мо, ки дар ҳолати хеле хатарнок қарор гирифта буданд ва чорае ҷуз ақибнишинии токтикӣ, он ҳам ба берун аз сарҳадоти мо надоштанд.  

Шаҳарки хаймаҳои фирориёни низомии Афғонистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон. 9.07.2021

Давлати ҳамсоя ва дӯсти мо Тоҷикистон оғӯш пурмуҳаббаташонро ба рӯй мардум мо боз кард ва ҳудудан ҳазор тан аз азизони моро дар дохили қаламравашон паноҳ доданд.  Ин низомён ба тартиб ба дохил интиқол дода шуданд ва иддае аз онҳо ба хотири маслиҳат то ҳанӯз дар дохили Тоҷикистон ҳастанд, ки давлат Тоҷикистон ба онҳо кампи изтирорӣ эҷод карда ва раҳбарии Сафорати Афғонистон низ давомдор аз мардумони мо дар ин камп аҳволгирӣ доранд ва ба онҳо мавод хӯрокиро мерасонанд.

Умедворам, ки ба зудӣ дафтари дафтари UNHCR  (Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури фирориён) дар мавриди сарнавишти ин муҳоҷирини мо тасмими муқтазӣ бигирад ва дар Ҷумҳурии Узбакистон низ дафтари  UNHCR барои ҳаммеҳанони муҳоҷири мо фаъолиятро шурӯъ кунад.

Бовар дорам, ки ин рӯзҳои сахт ва душвор гузаштанӣ аст ва кӯдакони ватанам ба зудӣ суруди озодӣ ва хуш буданро хоҳад хонд, аммо ин некӣ ва ҷавонмарди давлат ва миллати Тоҷикистонро дар ин рӯзҳои душвор ҳаргиз фаромӯш намекунем, дуруст аст, ки онҳо вазифа инсонӣ ва ҳамсоягиашонро анҷом додаанд, вале пазириш хатар ва харидани душмани як гурӯҳ террористи кори сода ва осон ҳам нест. Чун дидем баъзе кишварҳое, ки ҳатто шаҳрвандони муҳимашон тавассути Толибҳо ба қатл расида буд низ бо ин гурӯҳи террористии Толибон дасти дӯстӣ доданд ва бароояшон трибуни сиёсӣ доданд то ин гурӯҳи террористи доияи сиёсӣ пайдо кунад.

Дар гузашта низ ҳазорҳо хонавода аз ҳамватанон мо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд ва нисбат ба хеле кишварҳои дигар дар суҳулат ҳастанд ва озодона метавонанд онҷо кор кунанд ва фаъолият намоянд.  Дар муносибатҳои муҳиммашон, ба вижа ҷашни Истиқлоли (Ваҳдат - АП) он кишвар ҳамеша аз хубӣ ва ихлоси бузургони мо (шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд ва шаҳид Устод Раббонӣ) ба некӯӣ ёд мекунанд ва сулҳашонро мадюни ихлосмандии раҳбарони Давлати Исломии Афғонистон мешуморанд.

Ҳоло ниёз аст, ки вазоратҳои умури хориҷа, умури муҳоҷирин, маориф, таҳсилоти олӣ, иттилоот ва фарҳанг, вазорати тиҷорат ва ё утоқҳои тиҷорати мо дар мавриди таълим ва тарбияи кӯдакони муҳоҷиршудаи мо ба Тоҷикистон бар иловаи литсейи мавҷуда (Сомониён - АП) чандин мактаби ибтидоия ва мутавасситаро дар манотиқи пурҷамъияти муҳоҷирин эҷод намоянд, барои фориғони синфҳои дувоздаҳум заминаи таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон бештар мусоид гардад, гарчи ҳоло низ ҳамватанон мо бо тахфифи 25% дар пардохти шартномаашон мутобиқ ба фармони раисҷмуҳури муҳтарами Тоҷикистон метавонанд шомили донишгоҳҳои он кишвар шаванд, вале аксарияти муҳоҷирин тавони пардохти онро надоранд, ки ниёз аст дар тафоҳум бо дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури фирориён ва соири ниҳодҳои байналмиллалӣ мушкили пардохти шартномаи донишҷӯёни муҳоҷири мо ҳал гардад.

Вазорати фарҳанг низ бо эҷоди анҷуманҳои фарҳангӣ дар манотиқи муҳоҷирнишин метавонад дар муаррифи фарҳанги мо ба мардуми кишвари мизбон ва саргармиҳои солими фарҳангӣ ба муҳоҷирини мо масъулияташонро анҷом диҳанд, ки табъан ҳама ин корҳо зер чатри сафорати Ҷумҳури Исломии Афғонистон сурат мегирад то ҳамоҳангии беҳтар бо кишвари мизбон ва созмонҳои байналамиллалӣ сурат бигирад.

Вазорати тиҷорат ва утоқҳои тиҷорат бо ҳимоят ва ташвиқашон аз бозаргонон мо дар Тоҷикистон метавонанд заминаи корро барои ҷавонони бекори муҳоҷири мо мусоид кунанд ва ҳатто метавонанд корхонаҳои тавлидиро дар Тоҷикистон бисозанд то дар чархиши иқтисод он кишвар ҳам саҳм мусбат гирифта шавад ва ҳам дар кам сохтан бекорӣ дар байн муҳоҷирин саҳм хуб бигиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.