Бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон байни сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Русия Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифт.

Тибқи маълумоти дафтари матбуоти Кремл, зимни суҳбат масоили мубрами дуҷониба, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон, рафти омодагӣ ба нишасти СҲШ дар Душанбе ва иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД баррасӣ шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, дар оғози суҳбат президенти Русия дар иртибот ба даргузашти хоҳари Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ изҳори тасаллии амиқ кард.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия мубодилаи афкор намуданд.

“Ба мувофиқа кардани ҷадвали мулоқот ва тамосҳои дар сатҳи олӣ пешбинишуда ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар сиғаи ҳамкориҳои бисёрҷониба таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Дар ин замина, ҷонибҳо ҷараёни омодагиро ба сафари расмии қарибулвуқӯи президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор доданд”, - омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, сарони ҳарду давлат оид ба талошҳои минбаъдаи тарафҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ибрози ақида намуданд.

Дар робита ба мушкилоти Афғонистон сарони кишварҳо бо изҳори нигаронӣ дар бораи рушди ташвишовари вазъ дар ин кишвар суҳбат карданд. Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд ҳам ҳамоҳангсозии зичи амалҳои ҷонибҳо дар ин самт ба мувофиқа расиданд.

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко изҳор доштааст, ки вилоятҳои шимолии Афғонистон босуръат ба нуқтаи нави доғ табдил меёбанд.

“Қариб ҳамаи марз бо Тоҷикистон аз ҷониби Толибон назорат мешавад. Созмонҳои сершумори террористии байнулмилаӣ, аз қабили Давлати исломӣ ва шуъбаҳои “Ал-Қоида” низ мавқеи худро таҳким мебахшанд”, - иброз доштааст ӯ дар мусоҳиба ба РИА Новости.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки террористон аз мавзеъҳои амалиёти ҷангӣ дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ ба ин минтақа ворид мешаванд.

"Ҷараёни ҷалби одамон аз Осиёи Марказӣ ба сафи чунин созмонҳо дар марҳилаи фаъол аст. Истеҳсоли маводи мухаддир ба ҳадди рекордӣ расидааст", - шарҳ додааст вазъиятро Руденко.

Дипломат бар ин назар аст, ки вазъияти ҷараёндошта дар Афғонистон таҳдиду хатари мустақим ба минтақаи Осиёи Марказист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.